Маросими супоридани таҷҳизот ва татбиқи лоиҳаи Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ дар Институти тибби байтории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
9 декабри соли 2023 бо дастгирии роҳбарияти Оҷонсии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Оҷонсии байналмилалии нерӯи атомӣ (МАГАТЭ), дар доираи лоиҳаи миллии TAD5006 – «Истифодаи усулҳои ҳастаӣ ва молекулавӣ барои ташхис ва мубориза бо бемориҳои сарҳадгузари ҳайвонот» ба Институти тибби байтории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таҷҳизоти муосир ва масолеҳи истеъмолӣ супорида шуд.
Дар маросими расмии супоридан муовини директори Оҷонсӣ Матин Аҳмедов ва мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа Олимҷон Азизов ширкат варзиданд. Аз номи МАГАТЭ ба роҳбари институт Раджабмурод Атовуллозода таҷҳизоти муосир, аз ҷумла қуттиҳои биологӣ барои ташхиси молекулавӣ (ПТР), таҷҳизот барои ташхис бо усули ИФА, яхдони ҳарорати паст барои нигоҳдории намунаҳо ва штаммҳои микроорганизмҳо, автоклавҳо, термостатҳо, центрифугаҳо, реактивҳои кимиёвӣ ва дигар лавозимот супорида шуд.
Ҳадафи лоиҳа ташхис, фарқгузорӣ, муайян кардани серотипҳо ва ҷудо кардани микроорганизмҳои патогенӣ мебошад, ки дар хоҷагиҳои чорводорӣ ва парандапарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиш доранд ва зарари ҷиддии иқтисодӣ мерасонанд. Ин таҷҳизот инчунин имконият медиҳад, ки мониторинги бемориҳои сироятӣ, бахусус зоонозҳо, ва вазъи эпизоотӣ дар ҳайвоноти хонагӣ ва ваҳшӣ анҷом дода шавад.
Барои такмил додани раванди тадқиқот як қатор олимони институт ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Австрия, Македонияи Шимолӣ ва Туркия сафар карданд. Дар доираи лоиҳа инчунин панели офтобӣ насб гардид, ки кори устувори таҷҳизоти лабораториро таъмин менамояд.
Институт нақша дорад дар оянда ҳамкориро бо дастгирии Оҷонсӣ ва МАГАТЭ идома дода, барои таҳкими усулҳои муосири ташхис ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла зоонозҳо, ва баланд бардоштани сатҳи касбии олимон кор кунад.